Дар Русия ҷавонзани тоҷикро шавҳараш 8 корд зада кушт

Мақомоти Русия мегӯянд, қатли ҷавонзани тоҷик дар назди яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав аз сӯи шавҳараш содир шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти рус 12-уми сентябр дар кӯчаи Краснодари Маскав миёни зану шавҳари тоҷикистонӣ дар заминаи рашк муноқиша рух додааст: “Зимни муноқиша ҷавони 24-сола, зани 23-солаашро бо 8 зарби корд ба ҳалокат расонда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст”.

Тибқи навори дастгоҳҳои назоратӣ ҷиноят дар пеши чашми роҳгузаре рух додааст, аммо ӯ дахолате накардааст.

Манбаъ афзуд, ки феълан ҷавони 24-солаи тоҷикистонӣ мавриди пайгард қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *