Дар Русия хунукӣ то ба -50 дараҷа расид
Тавре идораи ҳавошиносии Русия хабар медиҳад, рӯзи душанбе дар минтақаи Оймякони Ёқутистон сардиҳо то ба 50 дараҷа мерасанд Соати 9.00 (3.00 ба вақти Москва) дар шимолу шарқи Ёқутистон аллакай сардии ҳаво ба 49 дараҷа расида буд.
«Дар Уст-Мома (ноҳияи Момский) хунукӣ ба минус 45, дар Верхоянск то минуси 49 хунук шуд, дар Усть-Нера ва Оймякон термометр ба минус 50 дараҷа фуромад», — гуфта мешавад дар натиҷагирии нуқтаҳои мушоҳидаи ҳаво. Нуқтаи баландтарини сардии ҳаво дар ду шаҳраки Ёқутистон -Верхоянск ва Оймякон ба қайд гирифта шудааст, ки моҳи феврали соли 1892 дар он ҷо хунукӣ ба -67,8 дараҷа расида буд. Ин нуқтаҳо сардтарин минтақаи ҷаҳон шуморида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ