Дар Русия озмоиши силоҳи нав идома мекунад

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки Русия «сарфи назар аз монеаҳо», ба такмили силоҳи наве идома медиҳад, ки ҳангоми озмоиши он дар полигони наздикии Северодвинск дар моҳи август таркиш рух дод ва ҳафт одам кушта шуд.

Путин рӯзи панҷшанбе фоҷиаи Нёноксро дар ҳоле шарҳ дод, ки дар Кремл ба қурбониёни фоҷиа ордени Мардонагӣ тақдим мекард.

Вай нагуфт, ки сухан аз кадом навъи силоҳ меравад, вале зикр кард, ки ин силоҳ бемисл аст ва «истиқлолу амнияти Русияро барои даҳсолаҳо таъмин хоҳад кард». Ба гуфтаи Путин, даст ёфтан ба «технологияи олӣ» «кафолати суҳл дар сайёра» аст.

Вазорати мудофиаи Русия дар шарҳи фоҷиаи моҳи август гуфта буд, ки мушаке таркидааст.

Расонаҳо дар натиҷаи таҳқиқот ба хулоса расиданд, ки эҳтимол дорад, таркиш ҳангоми партоби мушаки ҳастаии «Буревестник» аз баҳри Сафед рух додааст. Дар бораи сохтани ин мушак Путин дар паёмаш рӯзи 1 марти соли 2018 хабар дода буд.

Ин ҳодиса рӯзи 8 август рух дод. Ҳафт кас дар натиҷаи он кушта шуд — панҷ корманди «Росатом» ва ду намояндаи вазорати мудофиа. Чанд каси дигар ҷароҳат бардошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *