Боздошти тоҷики узви ДИИШ дар Русия

Дар шаҳри Иркутски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” боздошт шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия, ин марди 26-сола ба хотири ҷалби сокинон ба сафҳои ДИИШ ба Русия омадааст.

Ин манбаъ афзудааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар набардҳои Сурия ширкат дошта ва дар шаҳри Иркутск ба гурӯҳи ҷиноятӣ пайвастааст. Ин гурӯҳ ба одамрабоӣ ва хариду фурӯши силоҳ машғул будааст.

Ба ҳангоми боздошт дар маҳали зисти боздоштшуда 14 адад силоҳи оташфишон-4 адад автомат ва 10 адад таппонча, адабиёти динӣ ва флеш-корту аудиофайлҳо мусодира шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *