Дар Русия тоҷикон бо 100 доллар соҳиби шаҳодатномаи ронандаги мешаванд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз аввали ҳамин моҳ ба иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳнаи тоҷикӣ оғоз кардааст. Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон хабар дод, сафорат аз рӯзи 2-уми феврал кор барои иваз кардани шаҳодатномаҳо оғоз кардааст.

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки “Минбаъд барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Россия қарор доранд, имконият фароҳам шуд, то дар қаламрави ин кишвар шаҳодатномаи ронандагии нави биометриро дастрас намоянд.”Барои гирифтани шаҳодатномаи нав ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шаҳрвандон ва он муҳоҷироне, ки дар Русия кору иқомат доранд, бояд ба хадамоти консулии сафорат маълумотномаи тиббӣ, нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, расиди пардохти маблағ ($100) пешниҳод намоянд.

Баъди қабули тамоми ин санадҳо ва пардохти пул, бояд 14 рӯзи корӣ ва ё бештар аз 3 ҳафта мунтазир бошед, то шаҳодатномаи нави ронандагии шумо омода шавад.Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, “бартарияти шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ дар қаламрави Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Россия шавад.»Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии нави биометрии Тоҷикистон, ба гуфтаи сафорат бар асоси стандартҳои байналмилалӣ, метавонад, дар қаламрави 166 кишвар ронандагӣ кунад.Аммо дар Русия ҳоло муҳоҷирони тоҷик ҳақ надоранд, бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон расман дар корхонае ба ҳайси ронанда кор кунанд ва ё ба таксиронӣ машғул шаванд.Аз якуми июли соли 2017 Русия, дигар иҷоза надод, ки хориҷиён бо шаҳодатномаҳои ронандагии худ дар қаламрави ин кишвар расман ба ҳайси ронанда дар муассисаву ширкатҳо кор кунанд. Ба ҳамин тартиб садҳо муҳоҷири тоҷик, ки ба таксиронӣ машғул буданд, аз ҳаққи расмии кор маҳрум шуданд.Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар, ки шаҳодатномаҳои нави биометрӣ доранд, метавонанд, дар Русия аз назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ; рондани автомобил дар автодром ва рондани автомобил дар шаҳр имтиҳон супоранд ва дар сурати муваффақ шудан, шаҳодатномаи Русияро бигиранд. Онҳо баъди ин ҳақ пайдо мекунанд, ба ҳайси ронанда дар ширкати сохтмонӣ ё ҳар ҷойи дигар кор кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *