Дар сӯхтори қатор беш аз 70 нафар ҷон бохтанд
Бар асари сар задани сӯхтор дар қатори мусофирбари Покистон 73 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин ҳодиса дар наздикии шаҳри Раҳимёр Хон дар вилояти Панҷоб рух додааст.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, таркиши баллони газ, ки мусофирон тавассути он ғизо мепухтанд, боиси ин ҳодисаи нохуш шудааст.
Оташ се вагонро фаро гирифта ва бештари мусофирон ба ҳангоми ҷаҳидан аз вагони оташгирифта ҳалок шудаанд.
Ҳодисаҳои нохуш дар қаторҳои мусофирбари Покистон, ки умдан хеле пуродам аст, тез-тез иттифоқ меафтад.
Дар моҳҳои июлу сенябри соли ҷорӣ бар асари фалокат дар роҳи оҳани ин кишвар 30 нафар кушта шуданд.
Мудҳиштарин ҳодисаи нохуш дар Покистон дар соли 2005 дар вилояти Синд рух дода буд.Бар асари ба ҳам бархӯрдани се қатор беш аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ