Дар сӯхтори Уфа соҳибкорони тоҷик ҳам зиён дидаанд (аудио)
Бар асари сӯхтор дар маркази савдои “Меркурий” дар шаҳри Уфа молу колои муҳоҷирони тоҷик ҳам ба коми оташ рафтааст.
Ҳодисаи сӯхтор 9-уми сентябри соли равон дар маркази савдои “Меркурий”-и шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия рух додааст. Даҳҳо дӯкон, аз ҷумла дӯконҳои муҳоҷирони тоҷик бо борҳояшон ба коми оташ рафтаанд. Дар қабати дуюм ва сеюми бинои ин маркази савдо, ки сӯхтор ҳам асосан дар ҳамин ду қабати бино ба амал омадааст, мағозаҳои “Планета одежда и обувь”, ки ин бренд ба Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, соҳибкори шинохта тоҷик тааллуқ дорад, ҷойгир шудаанд. Аммо то кунун соҳибкори маъруфи тоҷик Раҳими Ғармӣ дар ин бора чизе нагуфтааст.
Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Уфа гуфтаанд, ки бино ба арзёбиҳои аввалия, сабаби сӯхтор дар маркази савдои “Меркурий” кори садамавии таҷҳизоти барқӣ шудааст. Сӯхтор масоҳати 5400 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Касе ҳалок ё захмӣ нашудааст, вале соҳибкорони зиёде борҳои худро аз даст додаанд.
Гуфта мешавад, ки сӯхторнишонҳо тавонистаанд беш аз 50 сар ҷонварони нодир, аз ҷумла рӯбоҳу бумҳо ва дигар ҷонваронро аз боғи ҳайвоноти воқеъ дар дохили ин маркази савдо наҷот диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ