Дар садамаи Данғара ва Панҷакент ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаҳои маргбор дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Панҷакент хабар дод.

Тавре ки ба Pressa.tj хабар доданд, 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Мирзомуродов Умаралӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти терминали мусофиркашонии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Номбурда бо ин мошини боркаш пиёдагардон Назарова Ҳомия Тошовна, соли таваллудаш 1965 ва набераи хурдсолаш, Ашурализода Меҳрубон Тошмуҳаммад, соли таваллудаш 2020, сокинони ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа хурдсол Меҳрубон Ашурализода ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳомия Назарова бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

ҳамчунин, 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Шаҳзод Субҳиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Раҳмонов Самандар Ботирович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин шаҳрро пахш менамояд. Пиёдагарди ноболиғ Самандар Раҳмонов  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *