Дар садамаи нақлиётӣ дар Хуросон як нафар ба ҳалокат расид

Дар маркази ноҳияи Хуросон садамаи нақлиётӣ рух додааст. Ба гуфти шоҳидони ҳодиса, мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам ҳаст.

 Садама дирӯз, 18 август, дар шоҳроҳи Душанбе — Бохтар, ки аз ноҳияи Хуросон мегузарад, рух додааст. Аз ноҳияи Хуросон ба Pressa.tj гуфтанд, ки нақлиёти боркаш якбора ба чанд мошин бар мехурад, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, чанд нақлиёти сабукрав корношоям мегардад.

Ҳодисаи мавриди назар ҳанӯз шарҳ дода нашудааст.

Бо дастрас гардидани маълумоти бештар хабар такмил дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *