Дар садамаи роҳи Душанбе — Варзоб як нафар фавтидаву чор нафар ҷароҳат бардоштанд

Дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе — Варзоб як нафар ҳалок шуда, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ паёмадҳои ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе — Варзобро бартараф намудаанд.

Бояд гуфт, ки 26-уми январи соли 2022, соати 15:50 дақиқа дар роҳи Душанбе — Варзоб мошини боркаши «Mercedes Atego» ва мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira» ба якдигар бархӯрдаанд. Замони ҳодиса дар мошини «Opel Zafira» 5 нафар савор буда ва аз Хуҷанд ба Душанбе меомадаанд. Мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд равона будааст. Гуруҳи наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар километри 72-и ин роҳи мошингард навбатдорӣ мекунанд, фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мусофиронро аз дохили мошини харобшудаи «Opel Zafira» берун меоранд. Ронанда ва мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардошта будаанд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонидаанд. Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишастааст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам мегузарад.

Гуфта мешавад, ки сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *