Дар се сол вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 2 маротиба афзуд
22 феврали соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гардид.
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки соли 2016 барои соҳаи туризми Тоҷикистон соли бобарор буд.
Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, тартиби нави ба расмият даровардани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тадбирҳои таконбахш барои ҷалби минбаъдаи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар арзёбӣ мегардад.
«Рӯйхати мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи соддакардашуда дар 3 фурудгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон иҷозат доранд, аз 68 адади тартиби пештар амалкунанда ба 78 адад расидаааст. Тоҷикистон имрӯз бо 10 кишвари дунё тартиби бераводиди иҷозати вуруд ба кишварро мавриди амал қарор додааст. Аз моҳи июли соли 2016 тартиби электронии раводиди Тоҷикистон барои таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ин ба он мусоидат кард, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 давлат дар соли 2016 расонида шуд»,- гуфт Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр шуд, ки раванди ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳода, давоми се соли охир вуруди онҳо ба Тоҷикистон 2 маротиба афзудааст, ки ин аз муваффақиятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ