Дар шаҳри Хуҷанд нархи газ поин рафт (аудио)
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд пас аз соли нав нархи гази моеъ поин рафт. Як литри ин навъи сӯзишворӣ дар қиёс ба ҳафтаи гузашта 20 дирам арзон шудааст.
Имрӯз, 4-уми январи соли 2023 дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо нархи 4,80-4,90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он дар охири сол 5,00-5,10 сомониро ташкил медод.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст. Бензини АИ 92 бо нархи 7,60 сомонӣ, АИ 95 — 8,00 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ