Дар шаҳри Душанбе Фестивали картошка баргузор шуд

26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ва хони аз хӯрокҳои картошка омодашударо пешниҳод намуданд.

 Дар ин маросим ба беҳтарин картошкапарварони мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Диплом ва туҳфаҳо тақдим гардид. Инчунин сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.

 Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то 10 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 55 хазору 527 гектар картошка кишт карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *