Дар шаҳри Истиқлол бо сарфи 50 млн $ корхона бунёд мешавад
Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой корхонаи дуюми худро дар шаҳри Истиқлол сохта истодааст. Корхонаи мазкур раванди кори худро тақвият дода, ба коркарди мису сурб ва нуқра машғул мешавад. Баъди ифтитоҳ шудани ин корхонаи саноатии куҳӣ 150 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. “Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузорӣ барои рушди босуръати саноат корхонаи мазкур ифтитоҳ мегардад.Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой лоиҳаи онро омода намуда, дар муддати якуним сол ба истифода медиҳанд”,- гуфт Маҳмудзода.
Корхонаи коркарди мису нуқра дар шаҳри Истиқлол бо харҷи 50 миллион доллари ИМА сохта ва то таҷлили 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад. Аз ҷониби масъулин таъкид гардидааст, ки барои босифат анҷом додани сохтмон тамоми имкониятҳои худро истифода мебаранд.
Бояд зикр кард, ки ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” корхонаи муштараки коркарди маъданҳои куҳӣ буда, аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Корхонаҳои саноатии шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон ва корхонаи саноатии чинии шаҳри Истиқлол низ ба ҳамин ширкат мансубият доранд.
Фаррух УСМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ