Дар  шаҳри Теҳрон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуд

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии шаҳри Теҳрон гўшаи сайёҳии Тоҷикистон низ ташкил гардидааст. Ин намоишгоҳ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 12 феврал оғоз гардид.

 Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур то 15 феврали соли равон идома меёбад.

“Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар гўшаи Тоҷикистон имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишварро ба иштирокдорони намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ муаррифӣ намуданд”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Меҳмонон ва иштирокдорони намоишгоҳи мазкур гўшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо карда, барои сафар ба сарзамини офтобрўяи мо изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *