Дар шаҳри Турсунзода Иди Садаро ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода Иди Сада, ки ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, бо риояи суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, асбобҳои меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ оро ёфта буд, боиси хушҳолии иштирокдорон гардид.
— Зимни ибрози андеша аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад,- зикр мекунад манбаъ.
Ҳамзамон, зикр мегардад, ки соли 2021-ро кишоварзони шаҳри Турсунзода бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудаанд. Аз ҷумла, дар соли сипаришуда ба андозаи беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 200 млн зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аз шаҳр зиёда аз 29 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 24 ҳазор тонна ангур ба мамлакатҳои дуру наздик содир карда шудааст, ки ин нишондод назар ба як соли пеш 23 ҳазор тонна зиёд аст.
— Фаъолону кишоварзон ва дигар сокинони шаҳри Турсунзода дар макони баргузории чорабинӣ гулхан афрӯхта, дар атрофи он шодиву хурсандӣ намуданд ва омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои киштукори баҳорӣ изҳор доштанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ