Дар Шаҳристон бар ивази сафари ҳаҷ деҳаҳоро обод мекунанд

Дар ноҳияи Шаҳристон мардум маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои хайру савоб сарф намуда истодаанд.

Масалан, чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзори деҳоти Бунҷикати ноҳия дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхонаҳои нав бунёд карда, ба истифода супоридаанд.

Ошхонаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ва ошхонаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 низ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Саҳми сокинон дар мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳо низ назаррас аст. Ташаббуси аҳолии деҳаҳои Суғдиёну Ободӣ ва саҳмгузории чанд нафаре, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, сабаб шуд, ки 3,7 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш карда шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳия аз иқдомҳои неки онҳо хуш истиқбол карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *