Дар шаш моҳ 6 476 аз оила аз ҳам ҷудо шуд
Бино ба иттиллои Вазорати адлияи кишвар давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 32 ҳазору 489 ақди никоҳ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 ҳазор адад бештар аст.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вазорат мегӯяд, дар баробари издивоҷи зиёд, азҳампошии оилаҳо низ зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 476 ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 104 ҳазору 141 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки 3 596 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи соли 2020 ба 101 ҳазору 141нафар баробар буд.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз коҳиши шумораи фавтҳо дар давраи ҳисоботӣ гуфт — 17 271 ҳолат дар соли ҷорӣ ва 18 777 фавт дар моҳҳои январ-июли соли 2020.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ