Дар шиносномаҳои тоҷикӣ дигар миллат нест

Дар тарҳи нави шиносномаҳои миллӣ ё худ корти идентификатсионии пластикӣ, ки ба истифода дода шудааст, маълумоти аслии марбут ба ҳуввияти шахс зикр шуда, маълумот дар бораи миллати шахс ҳазф шудааст.

Ин шиносномаи пластикӣ, ки чанд моҳ аст ба истифода дода шудааст, ҷойгузини паспортҳои дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон аст.Дар гузашта дар шиносномаҳои дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз синни 16-солагӣ содир мешавад, дар баробари зикри макони иқомат, вазъи оилавӣ, собиқаи зиндонӣ шудани шахс, миллати соҳиби ин ҳуҷҷат ҳам зикр мешуд. Масъулин мегӯянд, ки тарҳи кортҳои пластикӣ ё шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон се соли пеш тасдиқ шуд ва ҳоло дар сурати хатми мӯҳлати эътибори шиносномаи дохилии шаҳрванд соҳиби он дорои чунин корти пластикии нав мешавад.Ҳазф шудани миллати шаҳрванд дар корти пластикиро ҳуқуқшиносон “як таҷрибаи байналмилалӣ” меноманд ва мегӯянд, дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи зикри миллати шахс кайҳост бекор шудааст. Чунин таҷриба дар кишварҳои мисли ИМА, давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва дигарҳо вуҷуд дорад. Тоҷикистон ҳоло ягона кишвари Осиёи Марказӣ ҳаст, ки дар шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ миллат ҳазф шудааст. Дар шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷии Узбекистон ва Қирғизистон миллат махсус таъкид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *