Дар Шуғнон авбошҳо милисаҳоро ранҷонданд

Ду сокини ноҳияи Шуғнон барои таҳқири кормандони милитсия ва зӯроварӣ нисбати онҳо боздошт шудаанд.

 Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, сокинони деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинёви ноҳияи Шуғнон Тоҷибек Танибеков ва Гулбек Саидбеков  дар назди бинои ШВКД дар ноҳияи Шуғнон  аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, кормандони милитсия Давлатов Ф. Ё. ва дигаронро, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон қарор доштанд, таҳқир ва нисбати онҳо зӯроварӣ истифода намуданд..

Манбаъ мегӯяд, нисбати ин ду сокини Шуғнон, бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои «б, в»(авбошӣ аз ҷониби гуруҳи ашхос бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият) ва 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурдагон дастгир карда шуданд.

 

Парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суд Танибеков Т.М. ва Саидбеков Г.А. маҳкум карда шуданд.

 

Дар ҳамин ҳол масъулини Суди ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ин ду нафар шартан 1,5-солӣ маҳкум шудаанд. Ин давраи санҷишӣ буда, агар аз онҳо хатое содир нашавад озод хоҳанд шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *