Дар шумораи №11-и ҳафтаномаи “Оила” маводҳои ҷолибро мутолиа намоед!
Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди дубора ба саҳна баргаштани сарояндаи зебову хушсадо Кибриё Раҷабова пурсон шудааст. Овозаи дигар оид ба паҳн шудани хабари аз шавҳараш ҷудо шудани сароянда Саидаи Сироҷиддин мебошад.
“Марги ҷоҳил” сарнавишти марди ҷоҳили худшефтае аст, ки ҳамаро бахилу нотавонбин шуморида, дар зиндагӣ хеле занозор буд ва фарҷоми умраш низ бад анҷом ёфт.
“Фарзандон модарро бомж карданд”,- чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз рӯзгори модари зору ҳайрони аз бемеҳриву сангдилии фарзандон ба дод омада аст.
Қиссаи “Талоқ барои тавлиди тифли маъюб” аз рӯзгори зане навишта шудааст, ки барои таваллуд кардани фарзанди маъюб аз хонаи шавҳар ронда шудаасту дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мондааст.
Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро пойҳо арақ мекунанд?” сабабҳои пайдоиши бӯйи бад ва арақи пой, роҳҳои табобати он дарҷ гардидааст.
Таҳти рубрикаи “Чеҳра” бо номи “Ортиқи Қодир чаро тарки саҳна кард?” мавод оид ба кору фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ