Дар шумораи №13-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди тарки саҳна намудани сарояндаи зебову хушсадо Сарвиноз Юсуфӣ пурсон шудааст. Овозаи дигар оид ба мусибатест, ки чанде қабл ба сари сарояндаи маҳбуб Шабнами Тоҷиддин омада буд.
Қиссаи “Латтамард” сарнавишти марди худхоҳу худшефтае аст, ки бо ҳаёти духтаре бозӣ карда, дар охир подоши амалҳои худро мебинад.
“Духтарам душманам шуд”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз рӯзгори марди дузана ва бухлу ҳасади зани дуюми ин марду дар натиҷа ба душмани модар мубаддал гаштани фарзанд навишта шудааст.
Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Пойҳоятон “грибок” доранд?” сабабҳои пайдоиши бӯйи бад ва арақи пой, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он дарҷ гардидааст.
Рубрикаи “Асрори зебоӣ” бо маводи “Муъҷизаи оби биринҷ ва картошка” барои бонувоне таҳия мегардад, ки ҳамарӯза ба ҳолати мӯй ва пӯсти рӯйи худ диққати хоса зоҳир менамоянд.
Таҳти рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” зери унвони “Аз корҳои кардаам шарм медорам!” мавод оид ба сафари Ҳаҷ намудани ҳаҷвнигори ҷавону шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Ишқи араб” аз рӯзгори зане навишта шудааст, ки аз сардиву бемеҳрии наздикон хаста шуда, бахту саодати худро берун аз Ватан пайдо намуда, имрӯз дар кишвари бегона, дур аз пайвандон умр ба сар мебарад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ