Дар шумораи №16-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед! (аудио)
Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Фирӯза Ҳафизова шавҳари ҷавон кард?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон бо сарлавҳаи “Мубориз Усмонов бо Мадина Ақназарова хонадор мешавад?” аз ҷониби Масрур ном яке аз мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.
Қиссаи “Тарпочаи пулмаст” дар бораи бойдухтаре навишта шудааст, ки хеле эркаву пулмаст ба воя расида, баъди як маротиба оилавайрон шуданаш боз ба рӯйи бахту зиндагии ободаш по мегузорад.
“Нома аз зиндон” қиссаи ибратомӯзест барои он бонувоне, ки дар зиндагӣ пули муфт ба даст овардану ба осонӣ соҳиби молу сарват шудан мехоҳанд.
Дар саҳифаи 4 суҳбати рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар мавриди фитри рӯза ва закот дарҷ гардидааст. Руҳонии шинохта ба саволҳои рӯзадорон посух мегӯяд.
“Касофати бахилӣ”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз бахиливу зихнагии зани шавҳардор ва билохира аз ин одати худ пушаймону хонавайрон шуданаш навишта шудааст. Қиссаи мазкур давомдор буда, хонандагон давоми онро дар шумораҳои оянда мутолиа карда метавонанд.
“Худро оташ задам, то аз зиндагӣ халос шавам!”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи талхи зани азияткашидае, ки дар назди сарнавишт оҷиз монда, қасди худкушӣ кардааст.
“Ситораи Сурайё” дар остонаи зодрӯзи примадонаи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимова навишта шудааст, ки аз зиндагиву фаъолияти сарояндаи машҳури тоҷик нақл мекунад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Пиелонефрит занро бачапарто мекунад?” шумо метавонед оид ба яке аз бемориҳои паҳншудаи гурда ва хатари он ба зани ҳомила маълумоти кофӣ ба даст оваред.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ