Дар шумораи №17-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед! (аудио)

Зери рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Садриддин ба Тоҷикистон бармегардад?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар бо сарлавҳаи “Мино шавҳар кард?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Маро бубахш, занакҷон!” дар бораи зане навишта шудааст, ки бахти худ ва зиндагии серу пурро пеши по зада, нисбати пайвандони шавҳар беҳурмативу бахилӣ карда, оқибат хонавайрон мешавад.

Дар саҳифаи 4 суҳбати рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар мавриди фазилатҳои иди Рамазон ва анҷоми ин моҳи муборак дарҷ гардидааст. Руҳонии шинохта ба саволҳои рӯзадорон посух мегӯяд.

“Руҳи ман шикастнопазир аст” дар остонаи зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева навишта шудааст, ки аз зиндагиву фаъолияти ин ҳунарманди мумтози тоҷик нақл мекунад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро аз бинии кӯдак хун меравад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба хунравӣ аз бинии кӯдак посухҳои қатъӣ пайдо намоед.

Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” маслиҳатҳои муфид оид ба нигоҳубин ва машқҳои махсуси зебоӣ ба бонувони синну солашон аз 50 боло дода шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *