Дар шумораи №21-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шаҳриёр аз писараш рӯ гардонд?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар таҳти унвони “Закия шавҳари афғон кард?” аз ҷониби мухлисони ин бонуи ҳунар ирсол гардидааст.

Қиссаи “Тавбаи зани дуюм” сарнавишти занест, ки бо дидани зани якуми шавҳараш ба ваҷд омада, мафтуни ҳусну малоҳат ва хоксориву самимияташ мегардад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома саволу ҷавобҳои динӣ дарҷ гардидаанд. Хонандагони ҳафтанома бо саволҳои “Одоби зиёрати қабрҳо, Қуръонро бо забони тоҷикӣ хонам? Намози ҳавли гӯр равост?” ва боз чандин саволҳое, ки ҳамарӯза хонандагон ба онҳо посух меҷӯянд, муроҷиат кардаанд.

Дар қиссаи “Номард” зиндагинома ва муҳаббати як зан тасвир ёфтааст, ки ба раиси ноҳия ошиқ мешавад, вале раис баъди ишқварзиҳо ӯро бераҳмона партофта, аз баҳраш мегузарад. Зан дучори яъсу ноумедӣ мегардад…

“Шавҳарам гадоӣ мекунад!” сарнавишти занест, ки зиндагии тинҷу осуда дорад, вале дар дами пирӣ тасодуфан хабардор мегардад, ки шавҳараш дар бозорҳои ноҳия ба гадоӣ машғул будааст.

Мусоҳиба бо сарояндаи хушовоз Матлуба Раҳимова оид ба ҳаёти шахсӣ ва зиндагии оилавияш таҳти унвони “Ноумед кардани хостгорҳо ба хотири Умед буд” дар рубрикаи “Чеҳра” пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро дар талхадон санг пайдо мешавад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба сабабҳои пайдо шудани санг дар ин узви ҳаётан муҳими инсон посух ва маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.

“Дар оворагӣ ва нимятим мондани кӯдакон кӣ гунаҳкор аст”. Чунин унвон дорад назарпурсии хабарнигори ҳафтанома бо як қатор шаҳрвандон ва сокинони ҷумҳурӣ.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *