Дар шумораи №22-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарам пуштибонам набуд”, “Пойлуч калон шудам, дада!”, “Аз гуноҳи шавҳарам гузарам?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Сел дар хоб” ба суоли хонандаи ҳафтанома посух дода шудааст.

“Кӯргиреҳи қисмат”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як духтар, ки бо тақозои сарнавишт модараш вафот мекунаду дар зери тарбияи моиндар ба воя мерасад. Қиссаи мазкур хеле ҷолиб буда, бори дигар собит месозад, ки “асрори азалро на ту дониву на ман!”.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва тақвими намоз барои моҳи июни соли ҷорӣ пешниҳоди хонандагон гардонида шудааст.

“Янгаам аз болои додарам шавҳар кард” аз забони зане навишта шудааст, ки аз зиндагии оилавии додараш ва ба доми макру фиреби занаш афтодани ӯ қисса мекунад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз шикояти Эркин Одинаев то “Гули сурх”-и Farzin” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти унвони “Нафаре нест, ки дард надошта бошад” мусоҳибаро аз зиндагӣ ва фаъолияти сарояндаи хушсадо Фотима Машрабова мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Шири буз сулфаро шифо мебахшад?” мусоҳибаро бо табиби пулманолог Маҳмудҷон Ғафоров оид ба омилҳои сарзании бемории сулфа ва роҳҳои табобати он мутолиа намоед.

“Аз баҳри зани шабгард гузаштам” қиссаи тарбиявӣ буда, занҳоро ҳушдор медиҳад, ки дар зиндагӣ ба роҳи бад нараванд ва хонаи бахташонро бо дасти худ вайрон насозанд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *