Дар шумораи №23-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Ба доми фиреби марди зандор афтодам”, “Ба шефамон смс навиштам”, “Ҳама гуноҳро ба сари занҳо бор накунед!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Ҳомиладорӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Боғ дар хоб биҳишт аст?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.
“Арӯси гунг”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавон, ки бо духтари гунг оила бунёд карда, зиндагии ширин насибаш мегардад, вале баъди чанд муддат ишқи аввалаш пайдо мешаваду маҷбур мекунад, ки ӯро ба занӣ гирад. Чӣ гуна анҷом ёфтани қиссаи мазкурро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.
“Марги бахил” қиссаи тарбиявӣ буда, ҷавононро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар зиндагӣ ба касе бадиву бахилӣ накунанд ва аз оҳу дуои зулмдидагон эҳтиёт шаванд.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Ногуфтаҳо”-и Сангалӣ Мирзоев то “Бом-бом”-и Зулайхо Маҳмадшоева” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Чеҳра” таҳти унвони “Фарзандонам маро ба серӣ намедиданд” мусоҳибаро аз зиндагӣ ва фаъолияти сарояндаи маҳбуб Зикриоллоҳ Ҳакимов мутолиа намоед.
Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Шабушк кӯдакро бемор месозад?” маводи тиббиро оид ба пайдоиши шабушк ва роҳҳои халосӣ ёфтан аз онро мутолиа карда метавонед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ