Дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Софи писардор шуд?” оид ба зиндагии шахсии ситораи инстаграм, зебосанам ва моделер Рухшона Каримова, ки ҳамчун Софи шинохта шудааст, муроҷиат кардааст.
Дар саҳифаи номаҳо дарди дили ҷавоне, ки аз кардаи худ пушаймон шудааст ва дардномаи духтареро мутолиа карда метавонед, ки баъди марги модар ба падар муроҷиат кардааст.
Қиссаи “Фиғони зани зиндонӣ” сарнавишти ҷавонзанест, ки аз дини ислом баргашта, баъд аз сарсониҳои зиёд ба сад бало мепечад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими намоз аз Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон мегардад, ки дар он вақтҳои намоз аз 7-ум то 31-уми моҳи ҷорӣ дарҷ гардидааст.
Таҳти сарлавҳаи “Зани дуюмамро ғорат кардам” қиссаи марди дузанае дарҷ гардидааст, ки аз зани дуюмаш некиву дастгириҳои зиёде дида, бар ивазаш ӯро ғорат мекунад, вале…
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз норозигии Диловар то туҳфаи Фарзонаи Хуршед ба Олиҳа Абдуллоева”-ро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” мавод дар бораи издивоҷ ва арӯсӣ намудани ҳунарманди турк Абру Шоҳин, ки миёни ҳаводорони филмҳои турк ҳамчун Райҳон машҳур аст, пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Дамиши шикам ва роҳҳои табобати он” оид ба сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” маводи “Роҳҳои пешгирии арақкунӣ дар тобистон” барои нафароне таҳия гаштааст, ки аз ин иллат азият мекашанд.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ