Дар шумораи №30-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Олга Бузова худро ба оғӯши Бурак Озчивит партофт?” оид ба сафари ҳунарманди турк ба шаҳри Маскав ва вохӯрии ӯ бо мухлисон ва сарояндаи рус Олга Бузова савол додааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Падари пирам занбозӣ мекунад” номаи духтаре дарҷ гардидааст, ки аз занбозиҳои падар ва азоби модараш навиштааст. Боз дар ҳамин гӯша номаи духтареро мутолиа карда метавонед, ки писари холааш ба номусаш дастдарозӣ кардааст.

Қиссаи “Арӯси бадном” дардномаи занест, ки дар аввал ба роҳи хато рафта, оқибат пушаймон мешавад. Бахти деринтизор баъд аз солҳои азияту мушкилиҳо ба суроғаш меояд, вале доғи бадномӣ умре ӯро домангир мегардад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “15 соли бефарзандӣ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки баъд аз солҳои тӯлонии дар ҳасрати фарзанд сӯхтан соҳиби фарзанд мегардад.

“Арвоҳи хонасӯз”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз хиёнати мард ва қассоси руҳи ноороми зан нақл мекунад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз “БОЛ”-и JOM.TJ то “Ошиқӣ”-и Рафоати Ҷамшед”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кӯтоҳу ҷолиб оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди турк Қудсӣ, примадоннаи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва сарояндаи рус Басков дарҷ гардидааст.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Санги талхадон аз чӣ пайдо мешавад?” оид ба оқибатҳои ин беморӣ маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *