Дар шумораи №33-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарамро духтарон дуздиданд”, “Аз писаронат намонӣ, мардак!”, “Духтар, ки бе падар монд…” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Гум кардани пойафзол дар хоб” ва “Худкушӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон, дар саҳифаи мазкур “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад” дарҷ гардидааст.

“Ишқи сархӯр” қиссаи давомдор буда, аз зиндагиномаи ҷавоне навишта шудааст, ки бо кумаки зани пулдоре соҳиби зиндагии хубу шоиста мегардад. Ҳарчанд зан ҳамсинну соли модараш бошад ҳам, онҳо бо ҳам издивоҷ мекунанд. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи оянда мутолиа карда метавонед.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Баъди никоҳи мусулмонӣ ЗАГС мекунанд?”, “Фарзандонамро чӣ гуна баргардонам?” ва “Фарзандамро дида метавонам?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти зану шавҳари беморе рӯи коғаз оварда шудааст, ки бо дахолати атрофиён аз ҳам ҷудо мешаванд. Зан бахти худро ёфта, зиндагии хубе насибаш мегардад, вале марди бемору бекас аз танҳоӣ азият мекашад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Дарди ғарбӣ”-и Аҳлиддини Фахриддин то “Бас кун”-и Мадина Ақназарова” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии ду ҳунарманди ҷавону боистеъдод, ки ҳар ду фарзандони ҳунармандони шинохтаву хеле маҳбуби кишвар ҳастанд, Комилҷон Зарипов ва Лоиқ Холов мусоҳибаи кормандони ҳафтаномаро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Асрори зебоӣ” дар матлаби “Зарар ва фоидаи офтоби тобистон” оид ба нигоҳубини пӯсти рӯй дар фасли тобистон тавсияҳои муфид дода шудааст.

“7 сабаби бачапартоии зан”. Чунин унвон дорад маводи тиббӣ, ки сабабҳои асосии бачапартоии занро муайян сохтааст.

“Рӯзгори пурдарди сағерабача” бисёр қиссаи ҷолиб буда, сарнавишти пурмоҷарои ҷавонеро таҷассум менамояд, ки дар хурдсолӣ аз ҷабру ҷафои моиндар азобу шиканҷаи зиёде мебинад. Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *