Дар шумораи №35-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Амма ҷиянҳояшро зиндаятим карданист”, “Шавҳарам дар Русия бекор асту ман ин ҷо хору зор”, “Дӯзахи шавҳар беҳ аз қошу қавоқи янга?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Қошуқ дар хоб”, “Шикастани ангуштарин шикастани бахт аст?” ва “Модари ҳомила дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” посухи намояндагони дин ва ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

“Аз падар танҳо ситам дидам” дарди дили духтари бемодарест, ки бо ҳукми тақдир дар тарбияи падари майхорааш монда, азобу шиканҷаи зиёде мекашад. Хушбахтона, қиссаи мазкур анҷоми хуб дошта, модару духтар ба дидори ҳамдигар мерасанд.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Нархи давлатии маълумотномаи тиббӣ чанд сомонӣ аст?”, “Кӣ ҳақи зӯроварӣ карданро дорад?”, “Духтари ноболиғро ба шавҳар диҳам?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти талхи зане таҳти унвони “Балои сурх” рӯи коғаз оварда шудааст, ки умре дар хонаи шавҳар хизматгорӣ кардаву билохира аз хиёнати шавҳар хабардор гардад ҳам, барои бахти худ мубориза бурда наметавонад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз ошкоргӯиҳои Шабнам то нашри “Куҷоӣ ту?”-и Ёсамин” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов мутолиа карда метавонед.

Зери рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” “Усулҳои табобатии халқии сари кал” ва мавод оид ба нигоҳубини пӯсти рӯй — “Ниқобҳо аз меваву сабзавоти тирамоҳӣ” пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *