Дар шумораи №37-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Оилаи додарамро вайрон кунам?”, “Келини шаттоҳ акаро бо додар душман кард”, “Дӯзахи шавҳар ҳеҷ гоҳ биҳишт намешавад!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Нон ва нонпазӣ дар хоб”, “Ангур ва гашниз дар хоб чист?” ба суолҳои хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.
Қиссаи “Ҷодугар нестам, хола!” дарди дили занест, ки бо марди аз худаш ҷавонтар издивоҷ намуда бошад ҳам, тамоми бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашад, вале дар охир пайвандони шавҳараш аз издивоҷи онҳо хабар ёфта, бо таҳқиру суханони қабеҳ хотирашро озурда ва ӯро ба ҷодугарӣ муттаҳам месозанд.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Никоҳи муваққатӣ раво аст?”, “Беҳушӣ ҳангоми намоз”, “Магас таомро ҳаром мекунад?, “Намоз бо пойафзол?”, “Мусиқӣ макруҳ аст?” ва дигар саволҳо посухҳоро мутолиа намоед.
Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Маро ба суд медиҳанд?”, “Барои доруи пастсифат ба куҷо муроҷиат кунем?”, “Кӯдакамро аз дастам мегиранд?” посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз навори ватандӯстонаи блогерон то нашри “Мани девона”-и Шаҳроми Абдуҳалим” мутолиа намоед.
“Шӯи мардум вафо надорад”. Чунин унвон дорад дарди дили бонуе, ки бо марди зандоре пинҳонӣ оиладор шуда, ба садоқату муҳаббаташ бовар мекунад. Баъди чанде шавҳари пинҳонии зан муфлис мешаваду бо номи ин зан аз бонк пули калон қарз гирифта, бо ҳамин аз зиндагии ӯ ғайб мезанад…
Зери рубрикаи “Чеҳра” оид ба зиндагии шахсӣ ва издивоҷи сарояндаи ҷавон Даниел Рустамов бо амрикоидухтар мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.
Зери рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” матолиби “Табобати бемориҳои мардона бо гулу гиёҳҳои таббиӣ” ва “Пучак. Чӣ гуна метавон аз он халос шуд?” пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ