Дар шумораи №39-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Сабрина аз шавҳараш ҷудо шуд?” дар мавриди зиндагии шахсии ровӣ, блогер ва ҳунарманди шинохта Сабринаи Назрӣ пурсон шудааст.

Дар қисмати дуввуми саҳифаи 2 номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Аз рашки шавҳар ҷонбезор шудам”, “Шарм доред, шавҳардуздон!”, “Шавҳарам меҳрубонӣ намекунад” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Дилсӯзии хунрез” таҳия гаштааст. Маводи мазкур сарнавишти мардеро қисса менамояд, ки чанд маротиба оиладор шуда, саодати зиндагӣ насибаш намегардад. Вақте баъд аз азоби зиёд соҳиби ду фарзанд мешавад, занаш гирифтори бемории руҳӣ гашта, билохира фарзандонашро ба қатл мерасонад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳон ва ватанӣ мутолиа карда метавонед.

“Қиссаи ҷоҳил” сарнавишти занеро нақл мекунад, ки аҳли оилаи шавҳарро ба дод овардаву бар асари ахлоқи пасту разилона доштанаш дар интиҳои умр маъюбу дастнигар гашта бошад ҳам, аз неши забонаш ҳанӯз ҳам заҳр меборад.

“Аз чорвопарварӣ бой шудам”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи ибратомӯзи як зани 60-сола аз вилояти Хатлон, ки бо нигоҳубини чорво зиндагии аҳли оилаи худро беҳтар сохтааст.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз зиндагиномаи ғамангези як шаҳиди 22-сола то нашри “Дарё”-и LEO мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Кабӯтар”-ро самимият машҳур кард” сарояндаи ҷавон Ёсамин Давлатова ба саволҳо посух мегӯяд.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Табобати камхунӣ бо меваю сабзавот?” ва “Кирми рӯдаи кӯдакро чӣ гуна афтонидан мумкин аст?” оид ба сабабҳои камхунӣ, роҳҳои пешгириву оқибатҳои он ва табобати кирми рӯдаи кӯдакон маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *