Дар шумораи №40-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Бо амри шавҳар “аборт” кунам?”, “Шаҳр қишлоқ нест, бачаҳо!”, “Нози фарзандро танҳо модар мебардорад!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Чормағз дар хоб ҷангу ҷанҷол аст?”, “Дандони пӯсида дар хоб” ба суолҳои хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.
“Қасоси ҳаромӣ”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи духтаре, ки бо айби соддагиву ҷавонии модари фиребхӯрдааш бе падар ба дунё омада, аз падари номардаш интиқом мегирад. Қиссаи мазкур хеле ҷолиб буда, бори дигар духтаронро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷавонӣ хеле мулоҳизакору дурандеш мебояд буд.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими вақтҳои намоз барои моҳи октябр дарҷ гардидааст. Ҳамзамон ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Намоз бе иҷозати шавҳар”, “Талоқ дар хоб”, “Асрори муҳаббати модар” посухҳоро мутолиа намоед.
Зери рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “Р” сар мешаванд, барои фарзандони навзоди худ интихоб намоед.
Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Ба молу мулки шавҳарам ҳақ дорам?”, “Писарамро аз ман мегиранд?”, “Барои монеи таҳсил шудан падар гунаҳкор аст?”, “Ишқварзӣ бо ноблиғ ҷавобгарӣ дорад?” посух дода шудааст.
Қиссаи “Зандузд” аз зиндагиномаи марде навишта шудааст, ки тамоми ҳастии худро ба дӯсти наздиктаринаш мебахшад, вале баъди ба мусибат гирифтор гаштанаш дӯсташ нисбати ӯ хиёнатро раво мебинад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз барпо нашудани тӯйи Ралик дар Ҳаҷ то усули хоси “Шоҳу арӯс”-и Фараҳманд” мутолиа намоед.
Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарпеша, коргардони ҷавон, продюсер ва ровии шоу-барномаи фароғатии “Шоми Душанбе” Сулаймон Сафаров оид ба мушкилот ва сарфу харҷи барномаи мазкур мутолиа карда метавонед.
Зери рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Нишонаҳои исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳал” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ