Мард бошӣ, ғайбат накун… Ин ва дигар матолиби ҷолиб дар шумораи №41-и ҳафтаномаи “Оила”
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Занам бо марди бегона рақсиду… “, ”Зебо шуда, гунаҳкор шудем?”, “Мард бошӣ, ғайбат накун!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Худро урён хоб дидан”, “Мӯйи сари сафед дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Торт барои арӯсӣ”, “Шубҳа аз қарз”, “Намоз дар ҳузури номаҳрам”, “Сигорфурӯшӣ ҳаром аст?” посухро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “С” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.
Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Муаллимро ба ҷавобгарӣ мекашанд?”, “Зан гунаҳкор ё роҳбалад?”, “Ман чӣ ҳуқуқ дорам?” посух дода шудааст.
Қиссаи “Ношукр” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки бо сабаби гунг ба дунё омадани фарзандаш шавҳар аз ӯ рӯ мегардонад. Зан фарзанди бемори худро сабабгори оилавайронияш дониста, нисбати ӯ ҷабру ҷафоро раво мебинад. Ношукрӣ боиси он мегардад, ки зан ҳарду фарзанди худро аз даст медиҳад.
Домоди шантажист қиссаи навбатиест аз рӯзгори як зани шӯрбахт, ки тамоми бори зиндагиро ба танҳоӣ ба дӯш кашида, барои таъмин намудани фарзандон ҳатто ба мардикорӣ меравад. Вақте ки хабари зани дигар гирифтани шавҳари тайёрхӯрашро мефаҳмаду барои ба Русия бурдани фарзандонаш ба Ватан меояд, шавҳараш бар ивази боварнома аз ӯ як миллион рубли русӣ талаб мекунад…
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз “Ҷавонӣ”-и Зулайхо то “Guli mata”-и Нишонаи Рустам” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарпешаи шинохтаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Зулфия Содиқова доир ба иваз кардани насаб, паҳлуҳои мусбати форуми байналмилалии кинематографияи миллӣ дар Маскав, фаъолияти начандон хуби кинотеатри Зебуниссо, тавлиду маъруф шудани “скейч”-и “Хушдоманҳо” дар Ютуб, оғози мавсими нави театрӣ ва умед ба насли нав суҳбати ихтисосиро мутолиа карда метавонед.
Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “5 маслиҳати муфид ба занҳое, ки бори аввал фарзанд ба дунё меоранд” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар қиссаи “Бонуи оҳанин”сарнавишти зане тасвир гардидааст, ки умре аз муносибати сарди шавҳар азоб кашида, билохира аз зиндагии ӯ меравад ва зиндагиро дар хонаи дӯсту дугонаи даврони кӯдакияш аз нав оғоз мекунад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ