Дар шумораи №42-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома мусоҳибаи хабарнигорамон бо сарояндаи ҷавону хушовоз Камила Раҳимӣ пешниҳоди мухлисон мегардад.
Дар қисмати дувуми саҳифаи 2-юм номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Писарони худро барои чӣ оиладор мекунед?”, “Бори сеюм шавҳар кунам?”, “Занамро аз деҳа ба шаҳр оварда, пушаймон шудам” мутолиа намуда метавонед.
Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Касофати ҷоҳилӣ” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти мардест, ки бо амри волидон духтари амакашро ба занӣ гирифта, бо сабаби никоҳи хешутаборӣ фарзандони маъюб ба дунё меорад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” саволҳои кӯтоҳи динӣ ва посухи онҳо аз ҷониби уламои дин пешкаши хонандагон мегардад. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.
“Келинам шабҳо гум мешавад” аз нақли зане навишта шудааст, ки ҷияни худро келин карда, ба сари наздикони худ бало меорад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Хоҳиши Шердилу рад кардани Наимҷон” то “Нашри “кассетаи куҳна”-и Шон МС” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Ду вохӯрии сарнавиштсоз” маводеро аз пайроҳаи зиндагии устоди ҳунар Мастона Эргашева мутолиа намоед.
Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Вақте шиками кӯдак дамиш мекунад?” оид ба роҳҳои табобат ва пешгирӣ намудани иллати мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ