Дар шумораи №50-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро зери унвони “Дили шавҳарамро ҳеҷ наёфтам”, “Ба ишқи аввалам бовар кунам?”, “Хушдоманам келинҳоро ҷанг меандозад” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа мусоҳибаи кӯтоҳи хабарнигори ҳафтанома бо сарояндаи ҷавону хушовоз Рустам Азимӣ оид ба зиндагиву кору фаъолияти ҳунарманд дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Фоҷиаи Юсуф ва Зулайхо”, ки дар саҳифаи 5-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди хеле бадрашк буданаш оқибат шавҳарашро ҷияни худаш соҳиб мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кӯтоҳ дарҷ гардидаанд. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз филми “Муродҷон” то аввалин намоҳанги AD AKA Dilovar” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Чеҳра” зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии сарояндаи маҳбуб Валиҷон Азизов пешниҳоди мухлисон мегардад.

Таҳти рубрикаи “Солимӣ” оид ба хатари шамолхӯрии тифлакони навзод маводи тиббиро мутолиа намоед.

“Хонадомод” қиссаи занест, ки бо шавҳараш дар замини волидони худ хона сохта, як умр зиндагӣ мекунанду дар охир бародаронаш ӯро аз хонаву дар маҳрум менамоянд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *