Дар шумораи №7-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Ҳаваси зани дуюму сеюмро нахӯред!”, “Аз рашк месӯзам”, Арӯси паривараро сар диҳам?” мутолиа намуда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Кадом ситораҳои турк дар заминларза пайвандонашонро аз даст доданд?” маводе таҳия гардидааст, ки дар бораи заминларзаи як ҳафта қабл дар ин кишвар сарзада ва дар ин офати табиӣ зарар дидани чандин ҳунарманди турк гуфта мешавад.
Қиссаи “Ғуломи зан” сарнавишти марде, ки дар хонаи падарарӯс хонадомод шуда, аз наздикони худ дур мегардад ва умре мавриди мазоқу масхараи ҳамдеҳагони занаш қарор гирифта, азоби руҳӣ мекашад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ маводеро таҳти унвони “Арвоҳ дар хоб чист?” мутолиа намоед.
“Қиссаи зангирии Руслан-чочак” аз зиндагии ҷавоне навишта шудааст, ки аз даврони кӯдакӣ ба чочак дил баста, ҳатто баъди оиладор шуданаш низ ин одати худро тарк карда наметавонад.
Қиссаи “Сиёҳпича” аз рӯзгори арӯсаки нозанину пурҳунаре навишта шудааст, ки дар хонаводаи шавҳар мавриди бухлу ҳасади авсунҳояш гашта, билохира аз заҳри додаи онҳо ҷон ба ҷаббор месупорад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Бол”-и донишҷӯи тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ то нашри “Марав”-и Диловар” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Ин “секретам”-ро дар ягонҷо нагуфта будам” мусоҳибаи рӯзноманигори афғон Самир Расулӣ бо ҳунарманди ҷавону хушсадо Фарзонаи Хуршед мутолиа намоед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Ҳомиладории аввалин” маводеро дар боби он ки модари оянда дар мавриди ҳомиладории аввал чиро бояд донад, маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ