Дар соҳили рӯди Душанбе ҷасади марди 45-50-сола пайдо шуд (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади марде дар соҳили рӯди Душанбе хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи 31-уми май навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳатии ба номи Умари Хайём хабар додааст.
Бо дарёфти хабар дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон мешаванд. Онҳо ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд. Ҷасад марде будааст ба тахмин 45-50-сола,ки ҳуввияташ номаълум аст.
Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ