Дар соли 2022 сомониро чӣ интизор аст?
Евгений Винокуров, коршиноси Бонки Авруосиёии Рушд ва Бунёди Авруосиёии суботу рушд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар соли 2022-ро пешбинӣ кард.
Ба гуфтаи вай, фазои таҳкими арзҳои миллиро сиёсати пулии Амрико маҳдуд месозад. «Tapering» (харидории дороиҳои бузург ё як сиёсати пулии номутаъориф дар Иёлоти Муттаҳида) ҳам ба қурби пулҳои миллӣ кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар сурати боло бурдани меъёри бозтамвил аз тарафи низоми захиравии федералӣ (ФРС)-и Амрико таъсири он назаррас хоҳад буд. Иқтисодчӣ қайд кард, ки оқибатҳои «tapering»-ро дар соли 2022 нархи қобили қабули сӯзишворӣ метавонад ба эътидол биёрад.
Винокуров гуфт, «дар мавриди сомонӣ мо интизор дорем, ки қурби миёнаи он нисбат ба доллар дар соли 2022 дар сатҳи 11,2 қарор хоҳад гирифт». Дар ҳамин ҳол қурби сомонӣ дар ҳафтаи гузашта дар баробари доллар, рубл ва евро устувор боқӣ монд. Ҳоло як доллар дар бозори арзи Тоҷикистон 11,30-35 сомонӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ