Дар Суғд Фестивали асал, картошка ва анор доир шуд (аксҳо)

Имрӯз, 19 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуд.

“Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои занбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст.

Дар вилояти Суғд маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 2,7 миллиард сомонии соли 2010 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар шудааст. Истеҳсоли картошка дар ин давра 313,9 ҳазор тонна, шолӣ 26,6 ҳазор тонна, ангур 2,2 ҳазор тонна ва асал 421 тонна зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *