Дар Суғд кадом роҳҳо баста мешаванд?
Се рӯз ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Ин тасмим ба далели таъмини бехатарии ҳаракати меҳмонони олиқадр дар роҳу кӯчаҳои баъзе шаҳру навоҳии Суғд аст.
Бино ба эълони БДА, роҳбандӣ аз 9 апрел шуруъ шуда, то 11 апрел идома мекунад.
Аз ҷумла давоми рӯз ҳаракат дар кӯчаҳои ба номи Лоиқ Шералӣ ва Хабилови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи автомобилгарди Деҳмой–Конибодом, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд–Ғафуров ва кӯчаи марказии шаҳри Гулистон маҳдуд карда шуд.
Пагоҳ, 10 апрел ҳаракат тариқи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Истиқлолият ва Гагарини шаҳри Истаравшан то роҳи ҷамоати Гули Сурх маҳдуд хоҳад шуд.
Рӯзи 11 апрел низ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди ҷамоати Дадобой Холматов — Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои маҳаллаи Чашмаи арзана, 60-солагии октябр, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ходженский, Танбурӣ, Солеҳ Раҷабови шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгари Хуҷанд– Ғафуров маҳдуд карда мешавад.
БДА-и вилояти Суғд аз ҳамаи ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои зикргардида аз тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ