Дар Суғд чор рӯз роҳҳо муваққатан баста мешаванд
Аз 7 то 10 сентябри соли равон роҳҳои мошингард дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муваққатан баста мешаванд.
Дар ин рӯзҳо сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, 9-уми сентябр дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамояд.
7-уми сентябр
Ҳамин тариқ, 7-уми сентябр кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонии шаҳри Бӯстон, роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Ғафуров ва кӯчаи марказии шаҳраки Сирдарёву кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон давоми рӯз муваққатан баста мешаванд.
8-уми сентябр
8-уми сентябр роҳҳои мошингарди Булоқ-Понғоз, ҳудуди роҳҳои марказии ҷамоатҳои Шодоба, Ошоба ва «Алпони ноҳияи Ашт давоми рӯз муваққатан баста мешаванд.
9-уми сентябр
9-уми сентябр кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон, роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ёваи ҷамоати Ёва ва пули Истиқлол (Ҷигатой)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чорраҳаи маҳаллаи Сарсук, кӯчаҳои Рифат Ҳоҷиев, Шимкент ва 25-солагии Истиқлоли шаҳри Хуҷанд маҳкам мешаванд.
10-уми сентябр
10-уми сентябр роҳҳои автомобилгарди Конибодом-Деҳмой, ҳудуди деҳаи Кучкак, кӯчаи М. Турсунзодаи деҳаи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ, Содир Қобилов, Маданият ва Айнии шаҳри Конибодом баста хоҳанд шуд.
Дар робита ба ин, шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз шавҳрвандон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои зикршуда тавассути кӯчаҳои ҳампаҳлу сафари худро идома диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ