Дар Суғд 40 гузаргоҳи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад
Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, омили аслии ворид шудани молу маҳсулоти қочоҳ ва содир шудани он мавҷуд будани гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ мебошад. Ба гуфти номбурда дар вилояти Суғд 40 гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ вуҷуд дошта, аксарияти ин гузаргоҳҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир ҳастанд.
Инчунин Бобозода сабаби аслии боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ ва пиёзро дар бозорҳои вилоятро шарҳ дод. Мувофиқи шаҳри сардори Сарраёсати кишоварзӣ боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшт дар бозорҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон боиси болоравии нарх дар вилоят гардидааст:- Агар дар вилояти мо як кг картошка 4, 5- 5 сомонӣ арзиш дошта бошад, ин намуди маҳсулот дар давлати ҳамсоя-Ӯзбекистон ба 10 сомонӣ баробар аст. Албатта ин болоравӣ ба кишвари мо бетаъсир буда наметавонад-афзуд Бобозода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ