Дар Суғд писарон падаронро мекушанд?

5 корд ба синаи падар

“Як марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 13-уми сентябр, тахминан соати 13: 00 ба аёдати падараш рафта, дар пайи ҷангу ҷанҷол бо корд ба синаи падари 65-солааш 5-маротиба зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад,-иттилоъ дод Сардори хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Акбар Шарипов ва афзуд,-Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад…

Хонадони бе салому алейк

Аз рӯи таомули тоҷикона меҳмон касе, ки набошад, барои соҳибхона азиз аст ва ҳамеша бар он мекӯшанд, ки хотираш озор наёбад. Аз азал мо, тоҷиконро чунин тарбият менамоянд, ки аз дари хонаатон ҳатто душман дарояд ҳам, албатта бо чеҳраи кушода пешвоз бигиред, вале дар кишвари мо оилаҳое ҳам будаанд, ки на танҳо меҳмонро бо қошу қавоқи овезон истиқбол мегиранд, балки ҳатто таҳдиди задану куштан ҳам мекунанд. Яке аз чунин оилаҳо оилаи Ҷумъаевҳо мебошад, ки кайҳо боз дар Хистеварз ҳамчун оилаи носолим ном баровардааст…

Журналист-пурналист омадас

Барои баъди фоҷиа андаке ба худ омадани пайвандони марҳум вақт лозим аст, аз ҳамин хотир мо пас аз як ҳафтаи сар задани ин ҳодисаи гӯшношунид-қатли падар бо дасти писар дари ин хонадонро кӯфтем. Зани қавиҳайкале, ки аз чеҳраи дудзада ва қошу қавоқаш барфу борон мерехт, дарро кушод ва бе салому алейк омирона пурсид:

-Кӣ даркор?!

Соҳибхонаҳо салому алейкро нася гузошта бошанд ҳам, ман сараввал қарзи худоро ба ҷо оварда, салом додам ва пасон мақсадамро баён намудам. Табъи бе ҳамин ҳам гирифтаи зан якбора вайрон шуд ва ба сӯйи дари бастае назар андохта дод зад: “Ако, буроед, журналист мӣ, пурналист мӣ омадас. Аз телевизоро нишон додан кам набуд, ки бо инаш аз газета омадас.”  Лаҳзае пас “Ако”дарро кушод ва бе салому алайк ба сари мани ҳанӯз барояш ношинос дод зад:

-Хизмат?!

Бо вуҷуди дағалии гӯшношуниди мизбонон худро дошта, салом додам ва кӯшиш намудам, ки мақсади омаданамро ба онҳо фаҳмонам.

Мард ҳанӯз фурсати даҳон кушодан наёфта аз паси латтае, ки дар рӯи ҳавлӣ кашида шуда буд, зани дигари  тахмин 55-60- солае баромад ва якбора ба ман дарафтода бонг зад:

-Тез аз ин ҷо рав! Мо бо ту гап задан намехоҳем. Тез рав, тез рав…

Маълум буд, ки зан ҳамсари мақтул ва модари қотил аст. Ҳолати руҳии ӯро ба инобат гирифта, рафтори дағалашро нодидаю суханони заҳрогинашро  ношунида вонамуд карда гуфтам:

Модарҷон, ман шуморо хуб мефаҳмам ва ҳеҷ гоҳ ба захми дилатон нохун заданӣ нестам. Фақат фаҳмидан мехостам, ки байни падару писар аз рӯйи кӣ ё чӣ моҷаро сар задааст…

Ин зани солхӯрда, ки гармию сардии зиндагиро бисёр дидаву кайҳо ба мӯяш сапедӣ дамидааст, мебоист бисёр боандеша, мулоҳизакор ва нармдилу нармгуфтор бошад, вале ӯ мисли занҳои моҷароҷӯй бештар оташ гирифта, ба таҳдид гузашт:

-Ман дилкасал дорам. Духтурҳо ба Русия рафта табобат гир гуфтагӣ, вале шароит, ки надорам, нарафтам. Ҳозир маро зиқ кардан гиреду ба ман ягон кору ҳол шавад, ҷавоб медиҳед. Мефаҳмед, ҷавоб медиҳед…

Ба хотири бад нашудани вазъи саломатии ин зан ман розӣ будам, ки ҳодисаро на худи ӯ, балки фарзандонаш шарҳ диҳанд, вале бо имою ишораи қошу абрӯи ин модари беандеша ҳамон ҷавонзани бузбалае, ки аз омадани ким кадом як “журналист-пурналист” хабар дода буд, аз китфам дошта, маро тела зада аз дарвоза берун карданӣ шуд. Вақти аз дарвоза баромадан “ако”-яш таъкид кард, ки як бори дигар поямро аз дари хонаи онҳо дарун гузорам, маро зада мекушад!

Рафтори аҳли оиларо дида, ба хулосае омадам, ки дар ин хонадон аз тарбият ва одаму одамгарӣ ному аслан ягон нишоне набудааст. Аҳли оила, агар заррае маърифат медоштанд ва аз одамгарӣ бӯе мебурданд, шояд ин писар ҳаргиз ба синаи падар корд намезад. Дар доғи сиёҳи “Падаркуш”-ро гирифтану ба пушти панҷараи зиндон афтидани ин ҷавонмарди 40- сола пеш аз ҳама тамоман вуҷуд надоштани тарбияи ахлоқӣ дар оила гунаҳкор аст. Ин модар, агар боре фарзандонашро насиҳат мекард, ки падар қиблагоҳи фарзанд ва ризои худо дар ризои падар аст, шояд ҷавон ин пандро ба гӯш гирифта, ба сари падараш корд намебардошт. Шояд риштаи ҷони падарро бераҳмона бурида, худро дар ду олам шармандаю рӯсиёҳ  намекард, шояд…. вале …

Раиси ҷамоат:

Писар ба шароб дил басту…

Вазифаи мо, кормандони ҷамоат пеш аз ҳама бо оилаҳои носолим кор карда, онҳоро ба созиш овардан ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш аст. Шахсан ман ҳамчун раис чанд бор бо аҳли ин хонавода, ки ҳамчун оилаи носолим ном бароварда буданд, суҳбат карда, хостам онҳоро ба муросо биёрам, вале бо вуҷуди пайваста кор бурдани мо, аҳли ҷамоат вазъияти оилаи Ҷумъаевҳо торафт бад мешуду беҳтар не. Таҳлилҳои мо нишон дод, ки сабаби бадтар шудани вазъ майзада шудани писар аст. Ҷавоне, ки падарашро кушт, бо волидонаш зиндагӣ намекард, вале ҷангу ҷанҷоли падару писар доим ба гӯш мерасид. Оқибат ин ҳама носозгориҳо бо куштори нангину хунин анҷомид,-мегӯяд Маъруфҷон Маҳмудӣ, раиси ҷамоати Хистеварз.

Гап аз як гӯшаш медаромаду…

Дар ҷамоати мо оилаи дигаре, ки мисли Ҷумъаевҳо нигаронкунанда бошад, қариб, ки вуҷуд надорад.  Албатта ҳастанд оилаҳое, ки роҳи муросоро намедоданд, вале бо як-ду бор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан онҳо на танҳо ислоҳ мешаванд, балки ба оилаи намунавӣ табдил меёбанд. Аз раиси ҷамоат сар карда, то хурдтарин корманди ҷамоат мо ҳама дар андешаи оилаи Ҷумъаевҳо будем, вале ҳамеша кӯшишҳоямон барои ба созиш овардани падару писар барбод рафта, зиддияту душманиашон ҳеҷ поён намеёфт. Се бор шахсан ман, ҳамчун муовини раиси ҷамоат Зариф Ҷумъаев, ҳамон писари падаркушро ба суҳбат даъват карда, фаҳмондам, ки аз пушти рафтори ту ду оила сарсону саргардонанд. Арақро мехӯрию девонавор аввал бо оилаи худат ҷангу ҷанҷол мекунӣ, баъд ба сари пиру кампир меравӣ, охир то ба кай ин ҳол давом мекунад? Ту бояд дар ин давра такягоҳи падарат бошӣ, на суҳони умри мӯйсафед. Ақлатро ба ҷояш гузору андеша кун, ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, ин қадар ба арақ дил баста, умри ҷавонатро беҳуда хазон макун… Афсӯс, ки панду насиҳат аз як гӯшаш даромада, аз гӯши дигари Зариф баромада мерафт ва заррае ба ӯ асар намекард,-суханони раисро тақвият дода, мегӯяд муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз Нуъмон Ғаниев.

Аз рӯйи нақли ин ду нафар оилаи Ҷумъаевҳо дар як ҷо зиндагӣ намекардаанд, вале новобаста ба ин доим байнашон низоъ ва ҷангу ҷидол будааст. Писар дар кӯчаи ба номи Солеҳбой Қосимов, падар бошад дар кӯчаи Абдухалил Исобоев умр ба сар мебурдааст, аммо Зариф ҳар рӯз шароб нӯшида, масту аласт ба хонаи волидонаш меомадааст ва бо мӯйсафед ҷангу ҷанҷол мекардааст. Оқибати ин бадмастиҳо то ба куштори падар ва доғи бадномӣ оварда мерасонад. “Пештар, то дами ба дигар ҷо кӯч бастани Зариф онҳо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, аммо он вақтҳо муносибаташон ба ҳадди солҳои охир бад набуд. Албатта ҷангу ҷанҷол мешуд, вале корашон то ба ҷамоат  нарасида буд,-гуфт дар поёни суҳбат Нуъмон Ғаниев.

Ду падаркушӣ дар ду рӯз

Танҳо дар давоми ду рӯз дар вилояти Суғд ду ҳодисаи нангини падаркушӣ рӯй додааст, ки ин боиси нигаронист. Яке аз он ҳодисаҳо  куштори мӯйсафеди хистеварзӣ Самад Ҷумъаев ва ҳодисаи дуюм куштори падар аз ҷониби писар дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мебошад. Ин писари падаркуш Некбахт Расулов ном дошта, сокини шаҳраки Шайдони Ашт мебошад. Санаи 12 сентябр Некбахт Расулов дар ҳавлии истиқоматиашон падари 47-солааш Ғайрат Расуловро бо бел зада куштааст. Нисбати ин писари падаркуш низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷинояткор айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин чӣ шӯрест, ки…

Ин ду ҳодисаи гӯшношунид-куштори падарон ба дасти писарон дар Вилояти Суғд ғазали машҳури Хоҷа Ҳофизро ба ёди кас меорад:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаю шар мебинам,

Духтаронро ҳама ҷангу асту ҷидол бо модар,

Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.

Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,

Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.

Халқи тоҷик ҳанӯз аз замони пайғамбари нахустин-Зардушт дар рӯҳияи баланди ахлоқӣ тарбият ёфта, бо рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори некаш дар ақсои ҷаҳон ном бароварда буд. Пас, чаро имрӯз, дар ин замонаи серию пурӣ писар ба синаи падар корд зада, доғи нангини «падаркуш»-ро мегираду бародар ташнаи хуни бародар аст? Чаро солҳои охир «ҳама офоқ пур аз фитнаю шар» гашта, фарзандон аз гиребони волидон мегиранд? Фарзандро меваи умри одамизод мегӯянд ва барои он ки ин мева бе нуқсон ба воя бирасад, падарону модарон басо ҷонбозӣ мекунанд. Пас, чаро тифлони домангир баъди ба камол расидан гиебонгири падару модар гашта, ба сари падар табар мекашанд ва модареро, ки ба онҳо шир додааст, зинда ба зинда зери хок мекунанд? Куҷост эҳтироми падару модар, ки аз даврони қадим яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ахлоқи мардуми тоҷик буд?! Мегӯянд “зиндагӣ косаи давр  аст” ва ҳарчӣ коштӣ, ҳамонро медаравӣ. Аҷиб, дар оянда ин писарони падаркушро чӣ интизор аст?

ФАРЗОНА МУРОДӢ

Хуҷанд-Б. Ғафуров-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *