Дар Суди Олӣ Кабириро суд карда истодаанд

Суди  Олии Тоҷикистон айни замон ба муҳокимаи ғоибонаи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Исломӣ, шурӯъ кардааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ иттилоъ дода гуфт, ки муҳокима ҷараён дорад ва дар сурати ниҳоӣ шудан ҷузъиёти онро ро ошкор хоҳанд кард.

Раис инчунин оид ба фаъолияти Суди олӣ дар шаш моҳи охири соли сипаришуда маълумот дода, изҳор намуд,ки судҳои кишвар ҳамчунин дар даваоми сол 148733 парвандаро баррасӣ намудаанд, ки нисбати як сол пеш 541 адад камтар мебошад.

Дар судҳои ҳарбӣ 375 парванда дида баромада шуда, 12 нафар бо 9 парванда ҷазо гирифтаанд. Дар давоми сол инчунин як судя низ бо ҷурми гирифтани ришва маҳкум гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *