Дар Тоҷикистон ҷаримапулӣ баробари нархҳо боло меравад

Аз 1 –уми  январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар мегардад. Ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомонӣ аст.

Афзоиши нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо дар  Қонуни ҶТ  “Дар бора буҷет барои соли 2022”, ки ахиран аз ҷониби Парлумон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шуд, омадааст. Ин нишондиҳанда барои ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид. Аз якуми январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 ва аз якуми январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *