Дар Тоҷикистон 10 миллион ниҳолу бутта мешинонанд

Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ то соли 2040» қабул гардид.

Бино ба  иттилои “Ховар”, ин барнома дар марҳилаи аввали то соли 2027 шинонидани 10 миллион бех ниҳолу буттаро пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи барнома “беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ аз таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим” арзёбӣ мешавад.

Барномаи мазкур парвариши дарахту буттаҳо дар маҳаллаю ҷамоатҳо, идораҳои маъмурӣ, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, ҷангалу шафати шоҳроҳҳо, соҳили дарёҳо ва ҷойҳои дигарро пешбинӣ мекунад.

Барои иҷрои ин барнома пул аз буҷаи давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби сармоягузорон ҷалб хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *