Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқиро 10 сол аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карданд
Дар Тоҷикистон палатаи поёнии парлумон тасмим гирифт, ки бар асоси он воридоти мошинҳои барқӣ ба муддати 10 сол аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод шудааст.
— 14-уми март дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андоз ва гумруки кишвар баррасӣ ва қабул гардид,- хабар медиҳад маркази матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қарор аст, ки бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, аз ҷумла, мошинҳои барқӣ, автобусҳои электрикӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми декабр зимни паёмаш ба парлумони кишвар пешниҳод карда буд, ки воридоти мошинҳои барқӣ – мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо аз пардохти андоз ва гумрук комилан озод карда шаванд.
300 ҳазор бех дарахти тутро кӣ мешинонад?
Абрешимпарварон низ имтиёз гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, вакилон ҳамчунин тағйироту иловаҳо қабул карданд, ки тибқи он, плантатсияҳои абрешим ба муҳлати то 10 сол, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, ки ба коркарди пиллаи кирмак ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ, атлас, адрас ва дигар маҳсулоти дастӣ машғуланд, аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шудаанд.
Инчунин, аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ заминҳое, ки барои парвариши тутзорҳо барои зиёд кардани майдони онҳо, ки ба рушди парандапарварӣ, пиллапарварӣ, истеҳсоли атлас, адрас, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарон мусоидат мекунанд, ба муҳлати 10 сол озоданд.
Зимнан, зикр мегардад, ки ҳамаи имтиёзҳои дар боло зикршуда ба манзури истифодаи самараноки «иқтисоди сабз», истифодаи густурдаи дигар манобеи барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии кишвар таъмин карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба порлумони кишвар зикр кард: «Бо мақсади рушди соҳаи пиллапарварӣ ва истеҳсоли абрешим, атлас ва адрас сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарон фароҳам оварда шавад”.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми июни соли 2020 дар кишвар “Барномаи рушди кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” қабул карда шуд. Дар программа парвариш намудани зиёда аз 33 ҳазор қуттии кирмак пешбинӣ карда шудааст, ки ин барои ба 1200 тонна расонидани истеҳсоли пилла ёрӣ мерасонад. Аз ин миқдор 800 тоннааш дар дохили кишвар коркард мешавад, ки беш аз 66 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард.
Қаблан намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар як мизи гирд дар Хуҷанд гуфта буд, ки дар давоми 4 соли оянда дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҳар кадом 2 миллион дона ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 300 ҳазор бех дарахти тут шинонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ