Дар Тоҷикистон 1000 мактабу боғча сохта мешавад. Кай?
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1000 мактабу боғча ба назар гирифта шудааст.
Хайрзода Шукрулло — муовини вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки сохтмони ин теъдод мактабу боғча то ҷашнгирии ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар дар назар аст.
“Соли равон бозсозӣ ва азнавсозии 302 муассисаи таълимӣ дар назар аст, ки аллакай 30 адади он ба анҷом расид. Ҳамин сол фақат дар ҳудуди шаҳри Душанбе 11 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода мешавад”,- гуфт номбурда.
Ҳамчунин, Хайрзода таъкид кард, ки 1-уми сентябри соли равон 5 муассисаи таълимӣ, ки аз ҷониби Русия дар панҷ шаҳри Тоҷикистон бунёд ёфтаанд, дарҳои худро ба рӯйи муҳассилин боз мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ